logo
  • info@dfo.tj
  • 221-51-59
БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО РОҲБАРИЯТИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ
Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), масъули Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна Рикардо Пулити баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо IFC-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти фаъолгардонии бештари фаъолияти корпоратсия дар кишварро таъкид намуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хоса ба зарурати тавсеаи барномаҳои дастгирии молиявӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи васеи лизинг ва қарзҳои ипотекӣ бо воситаи бонкҳои маҳаллӣ, зоҳир карда шуд.Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкории фаъол дар самти дастгирии бахши хусусӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ ва рушди муҳити мусоиди сармоягузорӣ баён дошта, иштироки IFC-ро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, махсусан дар бахши энергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, муҳим арзёбӣ намуд.Ҳамзамон, ҷонибҳо нақшаҳои мушаххасро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус рушди бахши хусусӣ, истеҳсоли энергияи барқароршаванда, аз ҷумла офтобӣ, густариши иқтисоди сабз ва ғайраро дар солҳои наздик баррасӣ намуданд. Дар фарҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон таъкид намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва ҷалби маблағгузории иловагӣ ба мувофиқа расиданд.
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ
animationprevier
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.innovation.tj
animationprevier
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.prokuratura.tj
animationprevier
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.anticorruption.tj
animationprevier
ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
gumruk.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mfa.tj
animationprevier
АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН "ХОВАР"
www.khovar.tj
animationprevier
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.parlament.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mehnat.tj
animationprevier
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mmk.tj
animationprevier
КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.andoz.tj
animationprevier
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
www.dushanbe.tj
animationprevier
СОМОНАИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.president.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.moliya.tj