Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
24.07.2025 шаҳри Душанбе
Созишнома оид ба пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ягонаи иттилоотии маҳфуздорӣ (минбаъд - Созишнома) мутобиқи моддаи 490 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамроҳшавӣ маҳсуб ёфта, муносибатҳоро байни субъекти дорои манфиати умум, ки дар асоси Феҳрист ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №154 ба сифати чунин субъект эътироф гардида, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” фаъолият менамояд (минбаъд - Истифодабаранда), аз як тараф ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Оиннома фаъолият менамояд (минбаъд - Мақоми ваколатдор), аз тарафи дигар ва минбаъддар якҷоягӣ “Тарафҳо” номида мешаванд, ба танзим медарорад.
1.1. Истифодабаранда дархост менамояд ва Мақоми ваколатдор уҳдадории пешниҳоди дастрасиро ба низоми ягонаи иттилоотии маҳфуздорӣ – dfo.tj барои субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар ташкилотҳое, ки ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб медиҳанд (минбаъд – Портал), мутобиқ ба ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи Созишнома ба зимма мегирад.
2.1. Мақоми ваколатдор уҳдадор аст: - маълумот ва иттилооти дорои сирри тиҷоратидоштаи Истифодабарандаро, агар ба ӯ дар раванди коркард дар Портал маълум гардад, фош насозад; - махфияти маълумот ва иттилооти дастрасшударо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд; - бехатарӣ ва эътимоднокии маълумот ва иттилооти дастрасшуда, инчунин дастрасӣ ба онҳоро бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд; - зимни ба миён омадани нуқсонҳои техникӣ ва бартарафсозии онҳо Истифодабарандаро дар ҷараён гузорад; - - хизматрасониро дар реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монад;
3.1. Истифодабаранда уҳдадор аст: - дастрасии маълумотҳоро ба Мақоми ваколатдор барои дар доираи Созишнома иҷрои намудани уҳдадориҳои он, таъмин намояд; - барои ҳамкорӣ бо намояндагони Мақоми ваколатдор корманди масъулро муайян ва маълумоти бо ӯ тамос гирифтанро пешниҳод намояд; - ба амалҳое, ки метавонанд ҳамчун вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳисобида шаванд, аз ҷумла дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ва (ё) ҳуқуқҳои вобаста ба он, инчунин ҳама гуна амалҳое, ки боиси вайрон гардидан ё метавонанд сабаби вайрон гардидани фаъолияти муқаррарии Портал ва ҷузъҳои алоҳидаи он гарданд, роҳ надиҳад;
- дар Портал ва дигар сомонаҳои иҷтимоии аз тарафи Мақоми ваколатдор махсус барои пешбурди фаъолият таъсисдодашуда тавзеҳот ва дигар сабтҳое, ки хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ахлоқӣ мебошанд, пешниҳод накунад; - ҳангоми истифодабарии утоқи шахсӣ, худро ба сифати шахси дигар муаррифӣ накунад, маводҳои дорои вирусҳо ё дигар нармафзори зарароварро истифода набарад, рамзи махфии дастрасиро дар васоити нигаҳдорӣ қайд накунад, идентификаторҳои дастрасии гирифташударо ба шахсони сеюм интиқол надиҳад, аз имзои электронии рақамӣ (ИЭР)-и шахсии худ (ҳангоми мавҷуд будан) истифода барад;
- маблағи истифодабариро тибқи муқаррароти боби 5 Созишнома ба Мақоми ваколатдор пурра пардохт намояд; - Портал ва иттилооти аз он бадастовардаро бо мақсадҳои терроризм, экстремизм, барангехтани адовати миллӣ ва дигар мақсадҳои манъ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода набарад; - дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдор қоидаҳои дохилии фаъолиятро то андозае, ки он барои таъмини бехатарии гузаронидани амалиётҳо бо истифода аз Портал зарур бошад (аз ҷумла роҳ надодан ба эҳтимолияти содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба истифодаи Портал), танзим намояд.
4.1. Портал самтҳои кории зеринро дарбар мегирад: - аз ҷониби Мақоми ваколатдор барои Истифодабаранда пешниҳод намудани дастрасӣ ба Портал тавассути бақайдгирии мустақилонаи Истифодабаранда барои ташкили Утоқи шахсӣ дар Портал (минбаъд - Утоқи шахсӣ);
маҳфуздорӣ ва нашр намудани ҳисоботи молиявӣ ва хулосаи аудитории Истифодабаранда дар Портал;
- пешниҳоди хати машваратӣ бо имконияти дар реҷаи вақти воқеӣ гирифтани ҷавоб ба саволҳои алоқаманд ба кори Портал, ки хизматрасонии он ҳангоми фаъол будани Портал тавассути хати алоқаи дар он муқарраршуда аз соати 08:00 то соати 17:00 (вақти танафус аз соати 12:00 то 13:00) пешниҳод мегардад.
4.2. Бо дарназардошти рушд ва васеъ гардидани самти фаъолият номгӯи хизматрасонии пешниҳодшаванда метавонад аз ҷониби Мақоми ваколатдор тағйир ва (ё) зиёд карда шавад.
4.3. Истифодабаранда барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии худ розигӣ медиҳад ва бо мақсади шомилшавӣ ба Созишнома мутобиқ ба шакли дар Портал муқарраршуда дархост ирсол менамояд, ки он расмиёти тасдиқи Созишнома аз ҷониби Тарафҳо дониста мешавад.
5.1. Пардохти солона барои истифодабарии Портал, зимни пайваст шудан ба Портал, тамдиди дастрасӣ ё барқарор намудани дастрасӣ ба Портал тариқи ғайринақдӣ дар асоси ҳисобнома-фактураи пешниҳоднамудаи Мақоми ваколатдор пас аз исрол намудани дархост барои ташкили Утоқи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
5.2 Ҳисобнома-фактура барои хизматрасонӣ аз ҷониби Мақоми ваколатдор дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, ба суроғаи электронии Истифодабаранда ирсол карда мешавад.
5.2. Истифодабаранда уҳдадор аст, ки барои истифодабарии Портал маблағи хизматрасониро мутобиқ ба нархномаи муайяннамудаи Мақоми ваколатдор пардохт намояд.
5.3. Пардохти маблағ ба суратҳисоби бонкии Мақоми ваколатдор тибқи реквизитҳои дар боби 10 муқарраршуда сурат мегирад:
5.4. Дар сурати пардохт нагардидани маблағи хизматрасонӣ ё ҳангоми мавҷуд будани ҳолати қарздории Истифодабаранда, Мақоми ваколатдор дастрасиро ба Портал бо роҳи маҳдуд намудани дастрасӣ ба Утоқи шахсии Истифодабаранда рад ё қатъ мекунад. Дастрасӣ ба Портал метавонад пас аз пардохти маблағи қарз аз ҷониби Истифодабаранда аз нав фаъол карда мешавад.
6.1. Тарафҳо ва шахсони ваколатдори онҳо зимни иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи созишнома, ба ҳамдигар ва ё шахсони сеюм барои таъсир расонидан ҷиҳати содир намудани амалҳои муайян бо мақсади ба даст овардани манфиати ғаразнок ва ё фоидаи номатлуб аз пардохт, пешниҳод ё додани маблағҳои пулӣ ё ҳама гуна дороӣ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим канораҷуйӣ менамоянд.
6.2. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ аз рӯи Созишнома, Тарафҳо ва шахсони ваколатдори онҳо ба кирдорҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллалии мубориза ба коррупсия ҳамчуннадҳои байнкоррупсионӣ эътироф намудааст, роҳ надиҳанд.
6.3. Ҳангоми, тарафе гумон кунад, ки вайронкунии яке аз мукаррароти боби мазкур рух додааст ё мумкин аст рух диҳад, уҳдадор мешавад, тарафи дигарро огоҳ намояд. Зимни огоҳ намудан, далел ва ё маводе иқтибос мегардад, ки тибқи он вайронкунии яке аз муқаррароти ин банд ба таври эътимодбахш тасдиқ ё асоснок карда шудааст.
7.1. Созишнома бемуҳлат баста шуда, аз лаҳзаи пешниҳоди Дархост аз ҷониби Истифодабаранда мавриди амал қарор дода мешавад.
7.2. Созишнома метавонад аз ҷониби Мақоми ваколатдор дар дилхоҳ вақт якҷониба тағйир ва (ё) бекор карда шавад. Асос барои аз ҷониби Мақоми ваколатдор якҷониба тағйир додан ё бекор кардани Созишнома ташаббусҳо вобаста ба зиёд намудани талабот нисбат ба Истифодабаранда, хориҷ намудани Истифодабаранда аз Феҳрист ва дигар ҳолатҳо шуда метавонад.
8.1. Ҳеҷ яке аз тарафҳо дар назди тарафи дигар барои таъхир ё иҷро накардани уҳдадориҳои тибқи Созишнома вобаста ба ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки бар хилофи хоҳиши тарафҳо ба вуҷуд омадаанд ва онҳоро пешбинӣ ё пешгирӣ кардан ғайриимкон аст, масъул намебошанд.
8.2. Тарафе, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 8.1 уҳдадориҳои худро тибқи Созишнома иҷро наменамояд, бояд Тарафи дигарро доир ба монеаҳо ва таъсири он ба иҷрои уҳдадориҳо огоҳ созад.
9.1. Ҳама баҳсҳо ё ихтилофоти байни тарафҳо, ки тибқи Созишнома ё вобаста ба он алоқаманд ба миён меоянд, тавассути гуфтушуниди байни Тарафҳо ҳал карда мешаванд. 9.2. Дар сурати бо роҳи гуфтушунид ба мувофиқа наомадан, баҳси ба миён омада тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешавад.
10.1 Суроғаи ҳуқуқӣ ва реквизитҳои мақоми ваколатдор: - номи мақоми ваколатдор: КВД «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - шохи
10.1 Суроғаи ҳуқуқӣ ва реквизитҳои истифодабаранда:
(бав таври автоматӣ хонапури мегардад)
Барои гирифтани маълумот, шахсияти худро тасдиқ кунед.