logo
  • info@dfo.tj
  • 221-51-59
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд
Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ҳамзамон, мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд муҳтарам Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории босамари байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушдро, ки то имрӯз маблағгузории беш аз 900 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад, мусбат арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо саҳми арзандаи Бонки Исломии Рушдро дар пешбурди лоиҳаҳои стратегии кишвар, аз ҷумла ҷалби аввалин маблағгузории 150 миллион долларӣ ба Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва саҳм дар ҷалби маблағҳои иловагии кишварҳои арабӣ қайд намуданд.Ҳамзамон дар рафти мулоқот афзалиятҳои стратегии кишвар муаррифӣ гардида, ҷиҳати идомаи дастгирии лоиҳаҳо дар самтҳои рушди энергетика ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, навсозии соҳаи обёрӣ ва таъмини оби нӯшокӣ, густариши иқтисоди сабз ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди тиҷорат, инчунин вусъат додани иқтидори содиротӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, даъват ба амал оварда шуд.Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки ҳамкориро дар асоси Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023–2026 идома дода, барои таъмини устувории молиявии лоиҳаҳо, ҷалби бештари захираҳои имтиёзнок, аз ҷумла грантҳо ва қарзҳои бо шартҳои сабукро дар мадди аввал қарор медиҳанд.Дар фарҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон таъкид намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва ҷалби маблағгузории иловагӣ мувофиқа ҳосил намуданд.
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ
animationprevier
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.innovation.tj
animationprevier
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.prokuratura.tj
animationprevier
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.anticorruption.tj
animationprevier
ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
gumruk.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mfa.tj
animationprevier
АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН "ХОВАР"
www.khovar.tj
animationprevier
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.parlament.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mehnat.tj
animationprevier
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mmk.tj
animationprevier
КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.andoz.tj
animationprevier
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
www.dushanbe.tj
animationprevier
СОМОНАИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.president.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.moliya.tj