logo
  • info@dfo.tj
  • 221-51-59
Мулоқоти Вазири молия бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ
Санаи 21 июли соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори навтаъйини минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин баргузор гардид.Зимни мулоқот Қаҳҳорзода Ф.С., ҷаноби Бенҳасинро бо таъйин шуданашон ба мақоми нав табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул комёбиҳо орзу намуданд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми беназири Бонкро дар татбиқи беш аз 100 лоиҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар бо маблағи умумии наздики 3,3 миллиард доллари амрикоӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни мулоқот, таваҷҷуҳи хос ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” равона гардида, зарурати суръатбахшии ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва иҷрои саривақтии шартҳои созишномаи молиявии он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Илова бар ин, пешниҳод гардид, ки марҳилаи дуввуми Барномаи “Дастгирии сиёсати рушди устувор - Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир” (DPO) дар ҳаҷми 50 млн доллари амрикоӣ тавассути механизми кафолати қарзӣ амалӣ карда шавад, ки ин барои ҷалби бештари маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар имкон фароҳам меорад.Ҳамзамон, ҷонибҳо татбиқи “Омодасозии маблағгузории фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” (Cat-DDO) ва натиҷаҳои мусбати ҷаласаҳои доимии баррасии портфели лоиҳаҳоро қайд намуданд. Илова бар ин, Вазири молия зарурати ҳарчи зудтар таъйини директори нави кишварии Бонкро дар Тоҷикистон таъкид намуда, онро омили муҳими самаранокии татбиқи лоиҳаҳо арзёбӣ кард. Мулоқот дар фазои самимӣ ва рӯҳияи шарикии боэътимод сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъкид намуданд.
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ
animationprevier
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.innovation.tj
animationprevier
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.prokuratura.tj
animationprevier
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.anticorruption.tj
animationprevier
ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
gumruk.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mfa.tj
animationprevier
АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН "ХОВАР"
www.khovar.tj
animationprevier
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.parlament.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mehnat.tj
animationprevier
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mmk.tj
animationprevier
КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.andoz.tj
animationprevier
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
www.dushanbe.tj
animationprevier
СОМОНАИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.president.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.moliya.tj