logo
  • info@dfo.tj
  • 221-51-59
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷобиров Абдулазиз дар пайравӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати кишвар бунёд шудааст.
Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Иқтидори корхона дар як соат 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Бо бунёди корхонаи саноатӣ 100 ҷои корӣ таъсис ёфта ояндаи наздик бо бунёди коргоҳи сеюм теъдоди кормандон ба 120 мерасад.
Хатҳои истеҳсолии асфалт ва бетон аз ширкатҳои пешқадами хориҷӣ харидорӣ гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.
Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода карда мешавад.
Корхонаи мазкур дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васли таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ
animationprevier
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.innovation.tj
animationprevier
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.prokuratura.tj
animationprevier
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.anticorruption.tj
animationprevier
ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
gumruk.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mfa.tj
animationprevier
АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН "ХОВАР"
www.khovar.tj
animationprevier
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.parlament.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mehnat.tj
animationprevier
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.mmk.tj
animationprevier
КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.andoz.tj
animationprevier
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
www.dushanbe.tj
animationprevier
СОМОНАИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.president.tj
animationprevier
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
www.moliya.tj